По сообщениям российских СМИ, министерство транспорта этой страны рассматривает вопрос прекращения воздушного сообщения с Таджикистаном в одностороннем порядке.
По некоторым данным, такое решение Москвы связано с нежеланием Душанбе согласовать полеты российских авиакомпаний в страну из нового аэропорта Жуковский, заработавшим в мае 2016 года.
Таджикская сторона утверждает, что Жуковский стал четвертым полнофункциональным аэропортом московского авиационного узла, поэтому дополнительное назначение авиакомпаний на рейсы в Душанбе и Худжанд представляет собой одностороннее увеличение Россией количества перевозчиков и частот полетов на этих линиях, а для этого нужно пересматривать межправительственное соглашение между двумя странами о воздушном сообщении.
Однако в пресс-службе Минтранса России сообщили, что к Москве относятся международные аэропорты федерального значения «Внуково», «Домодедово», «Шереметьево», а международный аэропорт «Жуковский» отнесен к Раменскому.
Источник отметил, что «попытка таджикской стороны определить статус российского аэропорта нарушает суверенитет властей РФ на своей территории», а их отказ принять назначения российского перевозчика на воздушные линии из Жуковского «является прямым нарушением» межправсоглашения о воздушном сообщении.
Минтранс России предупреждает, что в случае, если позиция таджикских властей не изменится, воздушное сообщение между двумя странами будет приостановлено с 8 ноября.
Источник в министерстве транспорта Таджикистана подтвердил факт появившегося недопонимания с Россией в вопросе воздушного сообщения, отметив, что данный вопрос будет рассмотрен на встрече авиационных властей двух стран, которая состоится 24 ноября в Душанбе. Однако он воздержался от комментариев на вопрос, какова будет реакция таджикской стороны в случае, если Россия в одностороннем порядке всё-таки приостановит воздушное сообщение, пишет Озоди.
Бино ба иттилои расонаҳои Русия, Вазорати нақлиёти ин кишвар масъалаи қатъи алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки дар заминаи ҳалли мушкил, бо ҷониби Русия музокирот идома дорад.
Манобеи вазорати нақлиёти Русия гуфтаанд, ки мумкин аст аз 8 ноябри соли ҷорӣ ҳама гуна парвозҳои ҳавопаймоҳо миёни ин ду кишвар мутаваққиф шавад. Тибқи иттилои баъзе манобеъ, ин тасмими Маскав дар пайи "саркашӣ"-и Душанбе аз мувофиқат барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковский будааст.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон вуҷуди сӯитафоҳум бо ҷониби Русия дар заминаи алоқаи ҳавоиро таъйид карда ва гуфт, ки ҷонибҳо дар ин замина гуфтушунидҳо анҷом медиҳанд. Раҳмон Юсуф Азим, сардори Раёсати ҳавопаймои мусофирбари Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 3 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили аслӣ бар сари парвозҳо аз фурудгоҳи нави Жуковскии Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки дар он манфиатҳои ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон дар заминаи парвозҳо аз ин фурудгоҳ ё ба қавле “паритет ё баробарӣ”, риоя нашудааст.
Ӯ гуфт, миёни Тоҷикистону Русия созишномаи ҳавопаймои гражданӣ имзо шудааст ва ҳоло ҷонибҳо протоколи таъйиноти ширкатҳои ҳавоӣ ва иҷроиши хати сайрҳо, баҳсу баррасӣ мекунанд ва “дар ин баҳсҳо ҷониби Тоҷикистон бозори ҳавопаймоии худро ҳимоя мекунад”.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, феълан парвозҳои ширкатҳои Русия дар масири шаҳрҳои ин ду кишвар аз ширкатҳои Тоҷикистон бештар аст. Масалан, парвозҳо дар хати сайри Маскав-Кӯлоб ва Маскав-Қӯрғонтеппа аз сӯи ширкатҳои ҳавоии S7 ва "Уральские авиалинии"-и Русия анҷом шуда ва ҷониби Русия барои парвози ширкатҳои тоҷик дар ин масирҳо ҳанӯз иҷоза надодааст.
Ҷониби Тоҷикистон таъкид дорад, ки фаъол шудани фурудгоҳи нав дар наздики Маскав ба афзоиши парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд хоҳад шуд, ки ин амр ба созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди алоқаи ҳавоӣ мухолифат дорад.
Фурудгоҳи Жуковский дар наздики шаҳри Маскав аз моҳи майи соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз карда ва қарор аст ширкати русии “Уралские авиалинии” аз ин фурудгоҳ ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳо анҷом диҳад. Феълан дар ин феҳрист номи ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон шомил нашудааст.
Аммо маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Русия гуфтааст, ки фурудгоҳҳои Внуково, Домодедеово ва Шереметево ба шаҳри Маскав марбут буда, фурудгоҳи Жуковский дар Раменск воқеъ гаштааст. Ин манбаъ таъкид кардааст, ки "саркашӣ"-и Душанбе барои ҳамоҳангсозии парвозҳо миёни ин ду кишвар “нақзи мустақим”-и созишномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия хоҳад буд.
Вазорати нақлиёти Русия ҳушдор додааст, ки дар сурати тағйир наёфтани мавқеъи мақомоти Тоҷикистон аз 8 ноябри соли ҷорӣ парвозҳо миёни ин ду кишвар мутаваққиф хоҳад шуд.
Бино ба иттилои нашрияи “Коммерсант”-и Русия, дар соли ҷорӣ ин дуюмин ихтилофи мақомоти Вазорати нақлиёти Русия бо ширкатҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда ва ин ниҳод аз ширкати қазоқии “Air Astana” тақозо кард, ки барои парвоз аз ҳарими ҳавоии Сибири Русия музд пардохт кунад. Дар посух Қазоқистон таҳдид кард, ки парвозҳои ширкати “Аэрофлот”-и Русия ба ин кишварро мутаваққиф хоҳад кард. То ҳол ин мушкил ҳалли худро наёфтааст.
Ҳоло ширкатҳои S7 Airlines, Ural Airlines, UTair-и Русия ва Tajik Air ва Somon Air-и Тоҷикистон парвозҳоро миёни шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ва шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новгород, Сочӣ, Сургут, Тюмен, Уфа, Самара, Оренбург, Челябинск, Краснодар ва Қазони Русия анҷом медиҳанд . Арзиши чиптаҳо миёни ин ширкатҳои тақрибан тафовуте надошта, арзиши билет “мавсимӣ” буда ва ҳангоми рафтан ё бозгашти муҳоринони кории тоҷик ба шаҳрҳои Русия афзоиш ё коҳиш меёбад.