Новости из мусульманских республик

Сроки за Бахтиёра

20.07.2016
Сроки за Бахтиёра

Суд военного гарнизона Душанбе признал виновными солдата и двух офицеров воинской части 02011 министерства обороны Таджикистана, дислоцированной в Раштском районе, в избиении и смерти сослуживца Бахтиёра Курбонмадова. Все трое приговорены к срокам заключения.

Как сообщили Радио Озоди 19 июля в суде, старший лейтенант Акмалшо Талабшо и капитан А. Джонов получили по два года заключения, а сержант Сайидумрон Табуров проведет в исправительной колонии 14 лет.

По данным суда, подсудимые признаны виновными в неуставных взаимоотношениях и превышении должностных полномочий.

Борон Темуров, дед скончавшегося солдата Бахтиёра Курбонмадова, сказал, что в суде сержант Сайидумрон Табуров взял всю вину за случившееся на себя.

Причина смерти – сердечная недостаточность или избиение?

По заключению суда, инцидент произошел 14 апреля этого года. Сержант Сайидумрон Табуров, будучи на ночном дежурстве, ударил Бахтиёра в область сердца, после чего тот упал и скончался. Старший лейтенант Акмалшо Талабшо и капитан Джонов, которые осуществляли надзор за солдатами в ту ночь, показали все свое безответственное поведение.

Во время судебного рассмотрения дела гособвинитель, ввиду тяжести совершенного преступления, попросил суд приговорить Табурова к 19 годам заключения.

Тело 22-летнего жителя Куляба Бахтиёра Курбонмадова было передано родным 19 апреля, спустя всего 5 дней службы в армии. Студент экономического факультета Кулябского государственного университета в весенний призыв пошел добровольно служить и был направлен в в/ч 02011 министерства обороны Таджикистана в Раште.

Он был старшим сыном в семье, у него было двое младших братьев.

Результаты судмедэкспертизы

Родные Бахтиёра сказали тогда, что на теле молодого человека были следы избиений, однако командиры воинской части 02011 подразделения быстрого реагирования министерства обороны утверждали, что он умер из-за сердечной недостаточности.

Фируз Раджабзода, прокурор военного гарнизона Куляба, сказал 18 июля на пресс-конференции, что Бахтиёр Курбонмадов до службы в армии никогда не жаловался на боли в сердце. «Мы провели экспертизу, которая установила, что Бахтиер Курбонмадов отправился на службу абсолютно здоровым. Его смерть произошла спустя пять дней службы в результате неуставных взаимоотношений», - сказал прокурор.

За месяцы до смерти Бахтиёра в той же воинской части произошел другой инцидент – родные солдата Мехровара Максудова сообщили об его избиении и госпитализации. Они утверждают, что Мехровар был избит сослуживцами, однако командиры части категорически отрицают существование «дедовщины» среди военнослужащих.

За последние два года в таджикской армии произошло несколько случаев неуставных взаимоотношений между старослужащими и новобранцами, что вызывает серьезную обеспокоенность родителей молодых людей призывного возраста.

Додгоҳи низомии Душанбе як сарбоз ва ду афсари қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар ноҳияи Раштро дар латту кӯб ва марги ҳамхизматашон Бахтиёр Қурбонмадов гунаҳкор дониста, ба зиндон маҳкум кардааст. Масъулони додгоҳ рӯзи 19 июл ба Озодӣ гуфтанд, лейтенанти калон Акмалшои Талабшо ва капитан А.Ҷонов 2-солӣ ва сержант Сайидумрон Табуров 14 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Ба қавли масъулони додгоҳ, ин афрод бар асоси қисми дуи моддаи 373-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “вайрон намудани оинномаи муносибат бо аскарон” – ва қисми сеи моддаи 391 – “сӯиистифода аз мансаби давлатӣ” – муҷрим шинохта шудаанд. Борон Темуров, бобои Бахтиёр Қурбонмадов низ гуфт, “дар рафти мурофиа сержант Саидумрон Табуров ҳамаи гуноҳро ба дӯш гирифт.”

Бахтиёр аз чӣ мурд - аз дарди дил ё зарбу лат?

Тибқи хулосаи додгоҳ, ҳодиса 14 апрели соли ҷорӣ рух додааст. Сержант Сайидумрон Табуров шабона ҳангоми хидмат дар қисми низомӣ ба тарафи дили Бахтиёр Қурбонмадов зарба задаааст ва ӯ тоб наоварда ба замин афтода, баъдан ҷон додааст. Аммо лейтенанти калон – Акмалшои Талабшо ва капитан Ҷонов, ки масъулияти назорат ба сарбозонро доштанд, нисбат ба ин рафтори сержант Табуров бемасъулиятӣ нишон додаанд.

Дар ҷараёни мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ бо назардошти сангинии ин ҷиноят дар артиш ба 19 соли зиндон маҳкум шудани Табуровро талаб мекард. Ҷасади Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрели соли ҷорӣ ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавсими имсолаи баҳории даъват ба артиш довталабона ба хидмат рафт ва даврони сарбозиро дар қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт оғоз карда буд.

Ӯ дар хонавода писари калонӣ буда, ду додар дорад.

Хулосаи ташхиси ҷасади сарбоз

Он замон наздикони Бахтиёр ба расонаҳо ва тафтишот гуфтанд, ки осори латукӯби шадид дар бадани писар баёнгари латукӯб шудани ӯст, вале масъулони қисми низомӣ он вақт исрор меварзиданд, ки Бахтиёр Қурбонмадов бар асари сактаи қалбӣ фавтидааст.

Фирӯз Раҷабзода, додситони гарнизони ҳарбии шаҳри Кӯлоб, рӯзи 18 июл дар нишасти хабарияш гуфт, Бахтиёр Қурбонмадов дар давраи берун аз хизмат буданаш ягон бор аз дарди дил шикоят накардааст. Раҷабзода афзуд, “баъди овардани ҷасад ташхис гузарондем, ки ӯ бе ягон беморӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шудааст. Фавти ӯ баъд аз панҷ рӯзи хизматаш бинобар муносибатҳои ғайриоинномавӣ сурат гирифтааст.”

Марги мармузи Бахтиёр Қурбонмадов дар ҳолест, ки моҳе пеш волидони Меҳровар Мақсудов, як сарбози дигари ҳамин қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар Рашт аз мавриди латту кӯб ва ба бемористон афтодани вай хабар доданд. Пайвандони ин сарбоз иддао доранд, ки Меҳровар аз сӯи ҳамхизматонаш латту кӯб шудааст, вале масъулони қисми низомӣ ва Вазорати дифоъ ин иддаоро рад карданд.

Дар ду соли охир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчи мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда, муҷримонро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс кардаанд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, аммо фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи "дедовшина"-ро кори сахт медонанд.

ВСЕ НОВОСТИ

Администрация, владелец данного сайта (домена), форума и редакция сайта за содержание статей, скопированных с других сайтов, газет, журналов, ЖЖ, интернет форумов, а также и высказывания пользователей на главной странице сайта, Форуме и Гостевой книге, ответственности не несут. Мы (администратор, владелец, редакция сайта) не согласны с мнением авторов публикаций, перепечаток, гиперссылок и на все события имеем свою точку зрения. Наше мнение, может не совпадать с мнением авторов