Мировые новости

Германия не выдаст таджикского «джихадиста»

27.09.2016
Германия не выдаст таджикского  «джихадиста»

Молодой таджик, задержанный в Германии по обвинению в членстве в террористической группировке «ДАИШ», просит не экстрадировать его в Таджикистан. Германия до сих пор рассматривает дело 30-летнего Махмадсаида Саидова.

Правоохранительные органы заявили, что Германия не отвечает на просьбу таджикских властей об экстрадиции таджика, предполагаемого члена «Исламского государства», задержанного на территории ФРГ.

Источник в правоохранительных структурах сообщил 26 сентября, что ответ на запрос об экстрадиции Махмадсаида Саидова пока не поступил. Этот 30-летний молодой человек был задержан в июне в городе Карлсруэ (Северный Рейн-Вестфалия).

Источник сказал на анонимных условиях, что соответствующим структурам ФРГ были направлены доказательства его виновности, в том числе видео, снятое подозреваемым, которое указывает на его участие в боевых действиях в Сирии в рядах ДАИШ.

Однако до сих пор германская сторона не приняла решения об экстрадиции Саидова и переговоры двух сторон по данному вопросу продолжаются. По словам источника, молодой человек попросил Германию не выдавать его таджикским властям, сказав, что на родине он будет подвергнут пыткам и жестокому обращению. В Таджикистане у Саидова остались жена и двое детей.

Хаким Саидов, отец Махмадсаида, житель кишлака Шарора Гиссарского района, сказал в беседе, что не знает о судьбе своего сына. Генеральная прокуратура Германии, которая сообщила о задержании Саидова, на просьбу  прокомментировать данное дело, пока не ответила, хотя обещала предоставить свой комментарий после рассмотрения нашего запроса.

В Таджикистане Саидов обвиняется в наемничестве и участии в боевых действиях за рубежом. По официальным данным, в апреле 2015 года он отбыл в Сирию, где присоединился к ИГИЛ. Сообщается также, что этот молодой человек до сих пор находится в списке разыскиваемых лиц Интерпола, и под видом беженца он сбежал из Сирии в Германию.

До того, как отправиться на Ближний Восток, Саидов работал на родине водителем, а затем был в трудовой миграции в России. Таджикские власти не раз заявляли, что большинство молодых таджиков проникаются экстремистскими идеями в миграции и отправляются оттуда в Ирак и Сирию.

По официальной статистике, в странах Ближнего Востока в рядах экстремистских группировок, в том числе «Исламского государства», воюют свыше 1 тыс. граждан Таджикистана, сообщает "Озоди". 

Махмадсаид Саидов значится в списке разыскиваемых лиц Интерпола

Як ҷавони тоҷик, ки дар Олмон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дастгир шуд, хостааст, ки ӯро барои муҳокима ба Тоҷикистон нафиристанд. Олмон ҳанӯз парвандаи ӯро баррасӣ мекунад.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, давлати Олмон ба тақозои истирдоди як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо гумони узвият дар гурӯҳи террористӣ дастгир шуд, ҳанӯз посух надодаанд. Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 26-уми сентябр ба  гуфт, ки “то ҳол посух дар бораи истирдоди Маҳмадсаид Саидовро нагирифтаанд”. Ин ҷавони 30-солаи тоҷикро моҳи июн дар вилояти Райн-Вестфалияи Шимолӣ дар шаҳри Карлсруе боздошт карданд.

Як мақоми интизомии Тоҷикистон, ки бо шарти набурдани номаш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ба мақомоти дахлдори Олмон, “далелу шаҳодатҳо аз ҷумла видеоҳои сабткардаи Маҳмадсаид Саидов”- ро фиристодаанд, то собит кунанд, ки ӯ дар ҷангҳои Сурия дар сафи гурӯҳи Давлати исломӣ меҷангидааст.

Аммо то ҳол посух барои истирдоди ӯро нагирифтаанд ва гуфтӯгуи ду тараф дар ин замина идома доштааст. Айни замон ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ “ин ҷавон гуфтааст, ки ӯро дар Олмон муҳокима кунанд ва иддаои кардааст, ки баъди бозпас фиристоданаш ба Тоҷикистон мавриди азобу шиканҷа қарор мегирад.” Ҳамсари Маҳмадсаид бо ду фарзандаш дар озодӣ будааст.

Падари Маҳмадсаид, Ҳаким Саидов, сокини шаҳраки Шарора дар ноҳияи Ҳисор дар сӯҳбат бо  гуфт, ки сӯҳбате бо писараш накардааст ва аз сарнавишти ӯ хабар надорад. Додситонии кулли Олмон, ки хабари боздошти Маҳмадсаид Саидовро нашр карда буд, ба тақозои Радиои Озодӣ барои шарҳи парванда то кунун ҷавоб надодааст. Дар додситонӣ гуфтанд, баъди баррасии тақозо шарҳи худро мефиристанд.

Маҳмадсаид Саидовро мақомоти Тоҷикистон ба “зархаридӣ” ва ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ моҳи апрели соли 2015 ба Сурия рафта ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастааст. Гуфта мешавад, ин ҷавони тоҷик, ки ҳанӯз дар феҳрасти афроди мавриди ҷустӯҷуи Тоҷикистон дар Интерпол қарор дорад, дар миёни паноҳандагони Сурия, ки аз ҷанг гурехтаанд, худро ба Олмон расондааст.

Маҳмадсаид Саидов то замони хориҷ шудан аз Тоҷикистон ронандагӣ мекардааст ва ​дар Русия муҳоҷири корӣ ҳам будааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, аксари ҷавонони тоҷик маҳз дар муҳоҷират фирефтаи гурӯҳҳои тундрав шуда ва ба Ироқу Сурия рафтаанд.

То кунун бештар аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳҳои террористиву тундрав ба мисли "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Маҳмадсаид Саидов, аввали шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар Олмон дастгир мешавад.

ВСЕ НОВОСТИ

Администрация, владелец данного сайта (домена), форума и редакция сайта за содержание статей, скопированных с других сайтов, газет, журналов, ЖЖ, интернет форумов, а также и высказывания пользователей на главной странице сайта, Форуме и Гостевой книге, ответственности не несут. Мы (администратор, владелец, редакция сайта) не согласны с мнением авторов публикаций, перепечаток, гиперссылок и на все события имеем свою точку зрения. Наше мнение, может не совпадать с мнением авторов