Новости из мусульманских республик

Долгая дорога в таджикскую тюрьму

29.09.2016
Долгая дорога в таджикскую тюрьму

Суд города Душанбе на прошлой неделе признал виновным Тагоймуродова в разбойном нападении на соотечественников в России и присвоении 54 тысяч долларов США, заработанных 68 таджикскими трудовыми мигрантами.

В секретариате суда 29 сентября сообщили Радио Озоди, что ему инкриминировались разбой, подделка и похищение документов.

По словам источника, житель Рудаки дал показания в суде, что данный случай произошел в 2002 году в Москве. Тогда услуги денежных переводов еще не были широко распространены, и десятки таджикских мигрантов попросили Абдуманнона Тагоймуродова, племянника Ашура Тагоймуродова, который как раз ехал из России в Таджикистан, передать деньги своим семьям на родине.

«Однако Ашур с племянником посовещались и решили присвоить деньги мигрантов в размере 54 тысячи долларов», - отметили в суде. В итоге 23 мая 2002 года по пути в аэропорт Чкаловск Московской области Ашур вместе с двумя братьями и племянником напали на машину, в которой находились трое мигрантов, и ограбили их.

Потерпевшие обратились с заявлением в полицию. Все эти годы Ашур Тагоймуродов с поддельным паспортом на имя другого племянника Мелибоя Тагоймуродова жил в Москве. Он был задержан лишь в этом году после возвращения в Таджикистан.

Собеседник в суде отметил, что родственники потерпевших сообщили в милицию о прибытии Ашура Тагоймуродова и в июне этого года он был арестован. В его отношении было возбуждено уголовное дело по статье 249 ч.4 (разбой), 340 (подделка документов), 339 ч.2 (похищение документов) УК РТ.

Подобных случаев, когда мигранты становятся жертвами обмана и грабежа со стороны соотечественников, немало, но редко когда потерпевшие мигранты обращаются в правоохранительные органы.

Большинство трудовых мигрантов, которым приходится работать в России в тяжелейших условиях, не доверяют российской полиции, потому что некоторые нечистоплотные на руку сотрудники полиции видят в мигрантах лишь наживу.

__________________________________________________________

Ашӯр Тағоймуродов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, баъди чордаҳ соли содир шудани ҷиноят ба 16,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар оғози ҳафтаи гузашта Тағоймуродовро "барои бо зӯрӣ аз худ кардани 54 ҳазор доллари тақрибан ҳафтод муҳоҷири тоҷик" муҷрим шинохт ва Котиботи додгоҳ рӯзи 29 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи ӯ бо моддаҳои марбут ба роҳзанӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи ҳуҷҷатҳои расмӣ баррасӣ шудааст.

Ба қавли манбаъ, ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар додгоҳ иқрор кардааст, ки ҳодиса 14 сол пеш дар шаҳри Маскав рух дода буд. Даҳҳо муҳоҷири тоҷик, ки соли 2002 ҳанӯз аз хадамоти бонкҳо барои ирсоли пул аз Русия ба Тоҷикистон истифода намекарданд, аз писарамаки Ашӯр Тағоймуродов – Абдуманнон Тағоймуродов хостаанд, ки пули онҳоро ба хонаводаашон бирасонад.

"Дар натиҷа, баъди машварат бо амакбачааш ин ду нафар қасд мекунанд, ки 54 ҳазор доллари нақди муҳоҷиронро аз худ карда, ба хешовандони онҳо намерасонанд", - гуфтанд дар Котиботи Додгоҳи шаҳри Душанбе. Манбаъ афзуд, дар як ҳодисаи рӯзи 23 майи соли 2002 дар роҳи фурудгоҳи Чкаловски вилояти Маскав Ашӯр Тағоймуродов ҳамроҳ бо ду бародар ва амакбачааш ба мошини се муҳоҷири тоҷик ҳамла карда, пулҳоро аз худ кардаанд.

Ҷабрдидаҳо, ки бархе захми корд бардошта буданд, ҳамроҳ бо даҳҳо муҳоҷири соҳиби пул баъдан аз рӯи ин ҳодиса ба пулиси Русия шикоят бурдаанд. Баъди ин ҳодиса Ашӯр Тағоймуродов бо шиносномаи қалбакии дигар писари амакаш - Мелибой Тағоймуродов дар Маскав зиндагӣ карда ва имсол дар Тоҷикистон боздошт шудааст.

Тавре котиботи додгоҳи пойтахт мегӯяд, баъди ба Тоҷикистон омадани Ашӯр Тағоймуродов наздикони муҳоҷирони зарардида ба мақомоти интизомӣ хабар додаанд ва ӯ дар моҳи июни соли равон боздошт шуда, нисбаташ бо моддаҳои 249, қисми 4, банди “б” (роҳзанӣ) ва 340 (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат), 339, қисми 2 (бо мақсади ғаразнок ё манфиати дигари шахс тасарруф кардани ҳуҷҷати расмӣ) парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардид.

Ҳодисаи аз дасти ҳамватанон фиреб хӯрдан ва ё азхуд кардани пулу дороиҳои муҳоҷирон кам нест, вале дар ҳолатҳои хеле кам муҳоҷирон омода мешаванд, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо шикоят кунанд.

Аксар муҳоҷирони корӣ, ки дар Русия дар шароити сангин кор мекунанд, ба пулиси маҳаллӣ эътимод надоранд ва гузашта аз ин, худи ҳамин муҳоҷирон дар бисёр ҳолатҳо ба тӯъмаи ходимони пулис табдил шудаанд, ки бо баҳонаҳои мухталифи мисли ноқис будани ҳуҷҷатҳо аз онҳо пул меситонанд.

Вале ин ҳодисаи дар Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудани як тоҷик баъди 14 соли содир шудани ҷиноят дар Русия камсобиқа будааст.

ВСЕ НОВОСТИ

Администрация, владелец данного сайта (домена), форума и редакция сайта за содержание статей, скопированных с других сайтов, газет, журналов, ЖЖ, интернет форумов, а также и высказывания пользователей на главной странице сайта, Форуме и Гостевой книге, ответственности не несут. Мы (администратор, владелец, редакция сайта) не согласны с мнением авторов публикаций, перепечаток, гиперссылок и на все события имеем свою точку зрения. Наше мнение, может не совпадать с мнением авторов